Все статьи

26 Апрел 2022

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

26 апрели соли 2022 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 26 октябри соли 2021, №77 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 баргузор гардид.

Читать далее

25 Апрел 2022

Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (СЕКО)

25 апрели соли 2022 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Муовини директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (СЕКО) Ришар Шеневар дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

23 Апрел 2022

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Ҳукумати Ҷопон барои ташкили ин Ҳамоиш самимона изҳори сипос намоям.

Боиси қаноатмандист, ки Ҳамоиши имрӯза мавзӯи “Об барои рушди устувор: Таҷрибаи пешқадам ва насли оянда” – ро ҳадафи худ қарор додааст.

Читать далее

21 Апрел 2022

Густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

21 апрели соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Цзи Шумин баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

20 Апрел 2022

Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус

20 апрели соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенко баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) бо иштироки Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид

Рӯзи 20 апрели соли 2022 ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии (GTEX) Маркази байналмилалии савдо (МБС), ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (СЕКО) маблағгузорӣ карда мешавад, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатию бахши хусусӣ ва бо роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баргузор гардид.

Читать далее

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

20 апрели соли 2022 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф ва нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 26 октябри соли 2021, №77 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 баргузор гардид.

Читать далее

19 Апрел 2022

Иштирок дар нишасти 6-уми Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Рӯзҳои 18-19 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишасти 6-уми Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Шерзода Ситора, муовини директори Агентии содирот Раҳимзода Баҳодур ва намояндаи вазорати кишоварзӣ, инчунин намояндагони бахши хусисӣ иштирок намуданд.

Читать далее

18 Апрел 2022

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.

Читать далее

Машварати корӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд

17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Читать далее