Все статьи
23 Май 2022
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин
- Подробности статьи
23 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минро ба ҳузур пазируфтанд.
Читать далееИштирок ва суханронӣ дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО)
- Подробности статьи
23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Читать далее19 Май 2022
Густариш додани ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия
- Подробности статьи
19 майи соли 2022 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четир Али Донмез баргузор гардид, ки дар доираи он густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Читать далее18 Май 2022
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар Форуми сармоягузорӣ дар шаҳри Брюссел иштирок намуд
- Подробности статьи
18 майи соли 2022 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Форуми сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар қатори ҳайати кишвар Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок намуд.
Читать далееБаргузории ҷаласаи корӣ оид ба муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
- Подробности статьи
18 майи соли 2022 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №73-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 дар шакли рӯнамо баргузор гардид.
Читать далееҶаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ
- Подробности статьи
Рӯзи 18 майи соли 2022 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва раванди иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазир Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор гардид.
Читать далее17 Май 2022
Ҷаласаи Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ
- Подробности статьи
Рӯзи 17 майи соли 2022 зери роҳбарии Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой бо иштироки намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва кормандони ӯ, аъзои Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” бо дастгирии намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид.
Читать далееҲайати Тоҷикистон дар робита ба расонидани ҳамдардию тасалият бинобар даргузашти собиқ Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуд
- Подробности статьи
Бо дастури Роҳбари давлат рӯзи 16 майи соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Давлатзода Сулаймон Пирхон, Раиси Маркази исломӣ ва Раиси Шӯрои уламо Абдулқодирзода Саидмукаррам ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Шарифӣ Баҳодур дар шаҳри Абӯ-Дабӣ бо Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён мулоқот намуда, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб аълоҳазрат Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён таъзия ва тасалият расонид.
Читать далее16 Май 2022
Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)
- Подробности статьи
16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.
Читать далееМулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
- Подробности статьи
16 май дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.
Читать далее