Сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дар идомаи сафари корӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.
Дар доираи сафар нахуст Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо маблағҳои грантӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ҳудуди вилоят дар ҳаҷми 35,2 млн. евро ҷалб карда шуд.
Зимни мулоқот оид ба фаъолгардонии зерминтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ ва вусъат додани корҳои сохтмонӣ дар он ҷо бо ҳам табодули афкор намуданд.
Завқизода З. А. зимни вохӯри баён намуд, ки ҷиҳати иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ таъсиси зерминтақаи озоди иқтисодии «Тем» муҳиму саривақтӣ мебошад.
Дар баробари ин ҷиҳати таъсиси зерминтақаи озоди иқтисодии «Тем» корҳо бомаром идома дошта, айни замон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баррасии вазорату идораҳо қарор доранд.
Дар идомаи сафар Завқизода З. А. аз мавзеъи зерминтақаи озоди иқтисодии «Тем» дидан намуда, аз рафти корҳои иҷрошуда ҳисоботи роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» Тоҳирҷонзода Сураҷ шунида шуд.
Завқизода З. А. ба роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва масъулини соҳа супориш доданд, ки корҳо дар самти таъсиси зерминтақаи озоди иқтисодии «Тем» вусъат дода шуда, мушкилиҳои ҷойдошта дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда шаванд.
Завқизода З. А. дар идомаи сафарашон бо Раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ вохӯрию мулоқот намуданд.