Навиди Вазорат



Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”

.

 

 

Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ аз минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти минтақаи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. оид ба тақвияти ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори минтақа ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ба роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бо сабаби дар сафари хизматӣ қарор доштани Раис вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. бо муовини якуми Раиси ноҳияи Ишкошим Некқадамзода Ҳилол Гулбек баргузор гардид.

Қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 19 то 22 августи соли 2020 баён доштанд, лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2022-2025 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар мувофиқа бо вазорату идораҳо таҳия гардида, айни замон дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Дар татбиқи барномаи мазкур 88 чорабиниҳо ба маблағи 153,6 млн. сомонӣ аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 79,3 млн. сомонӣ (46,4 фоиз), бахши хусусӣ 9,2 млн. сомонӣ (7 фоиз), буҷети вилоятӣ 5,9 млн сомонӣ (4,5 фоиз) ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 55,5 млн. сомонӣ (42,1 фоиз) пешбинӣ шудааст.

Барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи дарозмуҳлат муайян намуда, барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, инфросохтори замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба ин васила ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия заминаи мусоид мегузорад.