Навиди Вазорат



Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”

.

 

 

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, бунёд ва рушди инфрасохтори аввалиндараҷаи он, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин аз минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти минтақаи мазкур аз ҷониби масъулин иттилоъ дода шуд, ки айни замон раванди корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобил (ҳавотозакунанкҳои равғанӣ ва ҳавоӣ) анҷом ёфта, васлу насби таҷҳизотҳо ва омузиши ҳайати кормандон бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маром идома дорад.

Инчунин, корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли равған, набот ва банду басти намаки ошӣ, бинои маъмурӣ, дидбонгоҳи гумрукӣ, меҳмонхона, кандани чоҳи амудӣ, корҳои лоиҳакашии ташкили системаи обу ташноб ва татбиқи дигар лоиҳаҳои афзалиятнок оғоз гардида, бомаром идома дорад.

Дар баробари ин, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022 – 2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 се субъекти нав, аз ҷумла ҶДММ “Растанӣ Инно”, ҶДММ “Сомон Трейд” ва ҶДММ “Кӯлоб Пласт” расман ба қайд гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ҳамчун минтақаи навтаъсис бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо минбаъд низ баҳри рушди инфрасохтори аввалиндараҷаи он, афзоиш додани ҷолибияти фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ин раванд, таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои саривақтии дасутуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло корҳо дар самти бунёди корхонаи азими нассоҷӣ дар ҳудуди минтақа бо ҷалби сармояи Федератсияи Россия бо маром идома дорад, ки омили мазкур метавонад барои рушди иқтидори истеҳсолӣ, содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи устувор гузорад.

Бинобар ин, аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. ба масъулин оид ба тақвияти ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори минтақа ва ба ин васила зиёд намудани таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тибқи нақша сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин ба минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” идома меёбад.