Навиди иқтисодӣ



Коҳишёбии иқтисодиёти ИМА

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Вазорати савдои ИМА иттилоъ медиҳад, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ рушди иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи дуюм бо ҳисоби солона 2,1 фоизро ташкил додааст, ки нисбат семоҳаи якум 1,0 банди фоизӣ кам мебошад.

 

Хароҷоти истеъмолӣ, ки 70,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА-ро ташкил медиҳад дар семоҳаи дуюм бо ҳисоби солона 4,3 фоиз ва хароҷоти давлатӣ 5,0 фоиз зиёд гардид. Дар баробари ин ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ дар ин давра 5,5 фоиз кам шудааст.

Содирот аз ИМА дар семоҳаи дуюм 5,2 фоиз, аз ҷумла содироти молҳо 5,0 фоиз ва содироти хизматрасониҳо 5,6 фоиз коҳиш ёфт.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИМА дар соли 2018-ум 2,9 фоиз рушд ёфт, ки ин нишондиҳандаи баландтарин аз соли 2015 ба ҳисоб меравад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное