Навиди иқтисодӣ



Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Сингапур созишномаи якумро оид ба минтақаи озоди савдо ба тасвиб мерасонанд

.

«Вести.Экономика» дар робита бо маълумоти Вазорати савдои Комиссияи иқтисодии Авруосиё иттилоъ медиҳад, ки созишномаи якум оид ба минтақаи озоди савдо миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Ҷумҳурии Сингапур якуми октябри соли ҷорӣ ба имзо расонида мешавад.

 

Ин шакли мураккабтари созишнома буда, на танҳо ба савдои мол, балки ба савдои хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ низ тааллуқ дорад.

Мақсади асосии созишнома ин содагардонии расмиёти савдо ва кам кардани боҷҳо барои молҳое, ки давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нияти баромадан ба бозори кишварҳои сеюмро доранд, ба ҳисоб меравад.

www.vestifinance.ru