Навиди иқтисодӣ



Коҳишёбии шумораи ҷойҳои нави кории таъсисёбанда аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ дар Хитой

.

Шумораи ҷойҳои нави кории пешниҳодшуда аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ дар Хитой фаъолияткунанда дар семоҳаи сеюми соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз кам шудааст.

 

Мувофиқи маълумоти идораи омор дар нуҳ моҳи соли 2019 дар Хитой 10,9 млн. ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки ин 99,7 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Аммо бисёре аз иқтисоддонҳо қайд менамоянд, ки бо назардошти то 6 фоиз коҳиш ёфтани рушди иқтисодиёт нишондиҳандаҳои омори расмӣ вазъи воқеии шуғлро дар Хитой инъикос намекунад.

Тибқи маълумоти мавҷуда шумораи миёнаи коргарони соҳаи саноат қариб то ба сатҳи бӯҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2009 кам гардидааст. Дар баъзе соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, ба монанди саноати бофандагӣ ва истеҳсоли либос шумораи умумии коргарон аз 3,44 млн. дар аввали низоъҳои тиҷоратии Хитой ва ИМА (моҳи июли соли 2018) то ба 3,35 млн. дар моҳи декабр кам гардидаанд.

https://www.vestifinance.ru/articles/127233