Навиди иқтисодӣ



Афзоиши касри савдои ИМА дар моҳи сентябр

.

 

 

 

Тибқи иттилои Агентии «Bloomberg» касри савдои ИМА дар моҳи сентябр афзоиш ёфт, ки ин дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаи максималӣ ба ҳисоб меравад.

Аз рӯи маълумоти Вазорати савдои ИМА тавозуни касри савдо дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи гузашта 1,3 фоиз зиёд гардида, 54 млрд. долларро ташкил намуд.

Содироти мол ва хизматрасонӣ аз ҳисоби зиёд шудани содироти ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 1,5 фоиз боло рафта, ба 212,6 млрд. доллар баробар гардид. Воридоти молу хизматрасонӣ 1,5 фоиз афзоиш ёфта, 266,6 млрд. долларро ташкил намуд. Аз рӯи ҳисоботи Вазорати савдои ИМА дар моҳи сентябр касри савдо бо Чин ба андозаи 4,3 фоиз зиёд гардида, ба 40,2 млрд. доллар расид.