Баҳодиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба коҳишёбии рушди иқтисоди ҷаҳон
Тибқи маълумоти Агентии «Вести.Экономика» ХБА дурнамои иқтисоди ҷаҳонро таҷдиди назар намуда, рушди онро дар соли 2019-ум 0,2 банди фоизӣ коҳиш дода, то 3,3 оиз баҳодиҳӣ намуд.
ХБА пешгӯӣ менамояд, ки суръати рушди иқтисодиёти ИМА дар соли 2019-ум 2,3 фоизро ташкил медиҳад ва нисбат ба дурнамои қаблӣ 0,2 фоиз кам мебошад.
Инчунин ХБА дурнамои рушди иқтисодиёти минтақаи евроро низ таҷдиди назар намуд, ки нисбат ба дурнамои қаблӣ рушди иқтисодиёти он дар соли 2019-ум 1,3 фоиз баҳодиҳӣ шудааст. Рушди иқтисодиёти Олмон ва Италия тибқи баҳодиҳии нав назаррас коҳиш ёфта, дар соли 2019 мутаносибан ба андозаи 0,8 фоиз ва 0,1 фоиз афзоиш меёбад, ки нисбат ба дурнамои моҳи январи ХБА дар сатҳи 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.
Инчунин ХБА дурнамои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар соли ҷорӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд баҳодиҳӣ намуд, ки ба 6,3 фоиз баробар мешавад. Дурнамои Федератсияи Россия дар солҳои 2019-2020 бетағйир мутаносибан дар сатҳи 1,6 фоиз ва 1,7 фоиз пешгӯӣ шуд.
Баҳодиҳии Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба рушди иқтсодиёти ҷаҳон, минтақаи «Евро» ва баъзе давлатҳо дар солҳои 2019-2020
Давлатҳо |
Дурнамои рушди иқтисодиёт |
Фарқият нисбат ба дурнамои моҳи январи соли 2019 |
||
Соли 2019 (бо фоиз) |
Соли 2020 бо фоиз) |
Соли 2019 (бо фоиз) |
Соли 2020 (бо фоиз) |
|
Иқтисодиёти ҷаҳон |
3,3 |
3,6 |
- 0,2 |
0,0 |
ИМА |
2,3 |
1,9 |
- 0,2 |
- 0,1 |
Минтақаи «Евро» |
1,3 |
1,5 |
- 0,3 |
- 0,2 |
Ҷумҳурии Федеролии Олмон |
0,8 |
1,4 |
- 0,5 |
- 0,2 |
Ҷумҳурии Италия |
0,1 |
0,9 |
- 0,5 |
0,0 |
Ҷумҳурии Ҷопон |
1,0 |
0,5 |
- 0,1 |
0,0 |
Федератсияи Россия |
1,6 |
1,7 |
0,0 |
0,0 |
Ҷумҳурии Халқии Хитой |
6,3 |
6,1 |
0,1 |
- 0,1 |