Баҳодиҳии Бонки Осиёии Рушд оид ба коҳишёбии рушди иқтисодиёт дар давлатҳои рӯ ба тарақии Осиё
Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» Бонки Осиёии Рушд (БОР) изҳор намуд, ки рушди иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба тарақии Осиё дар соли 2019 вобаста ба хавфҳои ҷанги тиҷоратии ИМА ва Хитой ва Brexit- и иқтидоран бетартиб метавонад соли дуюм пай дар пай коҳиш ёбад.
Тибқи ҳисоботи БОР иқтисодиёти 45 давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором дар соли 2019 5,7 фоиз афзоиш меёбад.
Дурнамои БОР оид ба иқтисодиёти минтақаҳо дар соли 2019 нисбат ба баҳодиҳии қаблии моҳи декабри соли 2018 кам карда шуда, 5,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 5,6 фоиз бо суръати пасттарин аз соли 2001 афзоиш меёбад.