Навиди иқтисодӣ



Иттиҳоди Аврупо музокиротро оид ба тарофаҳо бо ИМА қатъ мекунад, агар онҳо маҳдудиятҳои навро ҷорӣ кунанд

.

Тибқи иттилои Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Аврупо метавонад музокиротро бо ИМА оид ба шартнома ҷиҳати бекор кардани боҷҳо ба молҳои саноатӣ дар мавриди аз ҷониби Вашингтон ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои нави тиҷоратӣ ба маҳсулоти аз Иттиҳоди Аврупо воридшаванда қатъ намояд.

 

Инчунин Комиссари Аврупо оид ба тиҷорат изҳор намуд, ки қарори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Комиссияи Аврупо имкон медиҳад, ки барои оғози музокирот бо ИМА дар бораи созишномаи нав оид ба бекор кардани боҷҳо ба молҳои саноатӣ ба кам кардани ноустувории тиҷоратӣ кӯмак намояд.