Навиди иқтисодӣ

Бозори Россия дар байни давлатҳои БРИКС ба натиҷаи аз ҳама бад ноил гашт

.

 

 

 

«Sberbank CIB» иттилоъ медиҳад, ки дар байни давлатҳои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Хитой, Ҷумҳурии Африкои Ҷанубӣ) бозори молии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба натиҷаи назарраси 315 млн. доллар оид ба воридшавии сармояи хориҷии соф ноил гардид. Федератсияи Россия бо 36 млн. доллар нишондиҳандаҳои пасттаринро ба беруншавии сармояи соф ишғол намуд.

Эҳтимоли паст кардани меъёри фоизӣ аз ҷониби Бонки Ҷопон

.

 

 

 

Раиси Бонки Ҷопон оид ба имкониятҳои бонк ҷиҳати суст кардани сиёсати пулию қарзӣ дар кишвар изҳор намуд.

Тибқи маълумоти Раиси Бонки Ҷопон меъёри фоизӣ дар Ҷопон метавонад аз сатҳи пасти ҷории 0,1 фоиз назаррас коҳиш ёбад, агар талаб карда шавад.

Айни замон меъёри фоизӣ дар Ҷопон -0,1 фоизро ташкил медиҳад. Меъёри фоиз ба вомбаргҳои давлатии 10 сола дар Ҷопон қариб 0,0 фоизро ташкил медиҳад.