Навиди иқтисодӣ

Коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Иттиҳоди федеролии палатаи савдо ва саноати Олмон дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдо байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қариб ду маротиба (50 фоиз) коҳиш ёфтааст. Бахусус, дар ин давра содироти маҳсулоти аз Олмон ба Эрон бо ҳисоби солона 52,6 фоиз коҳиш ёфта, ба 223 млн. евро баробар гардид ва воридот аз Эрон ба Олмон 42,2 фоиз кам гашта, 41 млн. евроро ташкил намуд.

Ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукии нави Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷавоб ба афзоиши боҷҳо аз ҷониби ИМА

.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҳукумати кишвар аз 1 июни соли ҷорӣ баланд бардоштани боҷҳои гумрукиро ба молҳои воридотии ИМА ба маблағи 60 млрд. доллар татбиқ менамояд.

Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба хавфи парокандашавии ОПЕК изҳор намуд

.

Тибқи маълумоти Агентии «Shana» Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор намуд, ки Ташкилоти давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) бо назардошти мавқеи якҷонибаи баъзе давлатҳои аъзои худ зери таҳдиди парокандашавӣ қарор дорад.