Оғози сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара»
Охири ҳамин сол дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» сохтмони корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол оғоз мегардад, ки пас аз ду соли оғози сохтмон мавриди истифода қарор мегирад.
Муассисони корхонаи мазкур корхонаи муштараки «ТК-oil»-и Тоҷикистону Чин, таъсисёфта аз ҷониби ширкати тоҷикистонии ҶСП «Ҳасан ва Ко» ва ширкати Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd.-и Чин мебошанд. Дар марҳилаи аввал корхона – 300 ҳазор , марҳилаи дуюм – 800 ҳазор ва марҳилаи сеюм – 1,2 млн. тонна нафти хомро коркард намуда, айни замон сармоягузорон ба оғози сохтмон омодагӣ мегиранд.