Навиди иқтисодӣ

Иқдомоти Ҷумҳурии Индонезия оид ба афзоиши гардиши савдо бо Федератсияи Россия

.

Тибқи маълумоти Агентии «Bloomberg» Ҷумҳурии Индонезия то соли 2020 зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдоро бо Федератсияи Россия дар ҳаҷми то 5 млрд. доллар пешбинӣ намудааст.

Дар соли 2017 ҳаҷми савдои мутақобилаи Россия ва Индонезия 2,5 млрд. долларро ташкил карда буд. Ҷумҳурии Индонезия зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдоро ба Федератсияи Россия асосан аз ҳисоби рушди содироти маҳсулот аз моҳӣ ва меваҷот ба нақша гирифтааст.

Инчунин Индонезия вусъат додани гардиши савдоро бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба нақша гирифтааст ва ба дастгирии Россия ҳамчун Раиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё умедвор мебошад.

Болоравии сатҳи таваррум дар минтақаи евро

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Идораи омори Иттиҳоди Аврупо (Eurostat) индекси нархҳои истеъмолӣ дар минтақаи евро дар моҳи октябр бо ҳисоби солона 2,2 фоиз ва нисбат ба моҳи сентябр 0,2 фоиз афзоиш ёфт.

Нархҳои истеъмолӣ бе назардошти нархҳои қувваи барқ, маҳсулоти хурокворӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ дар моҳи октябр бо ҳисоби солона 1,1 фоиз зиёд гардид.

 Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар моҳи октябр то 2,4 фоиз афзоиш ёфта, дар Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Испания дар сатҳи моҳи сентябр мутаносибан 2,5 фоиз ва 2,3 фоиз боқӣ мондааст.

 

 

 

Афзоиши ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

 

 

«Вести. экономика» иттилоъ медиҳад, ки дар моҳҳои январ-октябр сармояи мустақими хориҷӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 701,2 млрд. юан (наздики 107,7 млрд. доллар) зиёд гардид.

Шумораи ширкатҳои наве, ки аз хориҷа маблағгузорӣ шудаанд то 49,5 ҳазор афзоиш ёфтаанд.

Дар саноати коркард наздики 220 млрд. юан сармоягузорӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 12,4 фоиз зиёд мебошад. Сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир 11,4 фоиз афзуда, 22,4 фоизи сармоягузориҳои мустақими хориҷиро ташкил дод.