Навиди иқтисодӣ

Афзоиши профитсити тарози савдои минтақаи евро

.

 

 

 

Агентии омори Аврупо (Eurostat) иттилоъ дод, ки профитсити тарози савдои хориҷии минтақаи евро дар моҳи октябр нисбат ба моҳи гузашта 0,9 млрд. евро зиёд гардида, 14 млрд. евроро ташкил дод.

Таҳлилгарони «Trading Economics» баръакс пешбинӣ намуданд, ки профитсити тарози савдои минтақаи евро дар моҳи октябр то 12,7 млрд. евро коҳиш ёфтааст.

Содироти мол дар минтақаи евро дар моҳи октябри соли ҷорӣ бо ҳисоби солона ба 11,4 фоиз ё то 209,7 млрд. евро ва воридоти мол 14,8 фоиз то 195,8 млрд. евро афзоиш ёфт.

 

 

 

Ба тасвиб расонидани як қатор созишномаҳо аз ҷониби Федератсияи Россия ва Фаронса

.

 

 

 

Дар натиҷаи ҷаласаи шӯрои миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Фаронса як қатор ҳуҷҷатҳо оид ба устувории ҳамкориҳои дуҷониба дар самти соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба тасвиб расонида шуд.

Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия ва Вазири иқтисод ва молияи Фаронса дар натиҷаи ҷамъбасти сессияи ХХIV шӯрои Россияю Фаронса дар шаҳри Париж як қатор созишномаҳо оид ба амалӣ намудани шарикиии нави Россияю Фаронсаро оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, саноат ва савдо ба тасвиб расониданд.

Ҳуҷҷатҳои мазкур се самти асосии ҳамкориҳои хориҷиро муайян менамояд,аз ҷмула ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ҳангоми тағйирёбии иқлим, шакли нави нақлиёт, инноватсияҳо ва ҳосилнокии меҳнат.

 

 

 

Афзоиши иқтисодиёти Ҷумҳурии Қирғизистон дар ёздаҳ моҳи соли 2018

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Кумитаи омори Ҷумҳурии Қирғизистон рушди иқтисодиёти кишвар дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 3,1 фоиз афзоиш ёфт. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ кам буда, ҳаҷми номиналии ММД ба 474,5 млрд. сом баробар гардид.

Дар соли 2017 рушди иқтисодиёти Қирғизистон 4,5 фоиз афзоиш ёфта буд. Рушди иқтисодиёти Қирғизистон бе назардошти корхонаҳои коркард оид ба чоҳи «Кумтор» 3,2 фоиз (3,5 фоиз дар ҳамин давраи соли 2017)-ро ташкил дод.

Рушди иқтисодиёти Қирғизистон дар ин давра аз ҳисоби рушди соҳаҳои саноат дар ҳаҷми 4,9 фоиз, хизматрасонӣ 1,9 фоиз, азхудкунии маблағгузорӣ 6,3 фоиз ва сохтмон 8,4 фоиз таъмин гардидааст.