Навиди иқтисодӣ

Коҳишёбии рушди истеҳсоли молҳои саноатӣ ва фурӯши молҳои чакана дар Ҷопон

.

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Ҷопон дар моҳи ноябри соли 2018 нисбат ба моҳи гузашта бо назардошти коҳишёбии истеҳсоли таҷҳизоти истифодаи умум 1,1 фоиз кам гардид.

Истеҳсолкунандагони пурсидашудаи Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷумҳурии Ҷопон афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар моҳи декабр дар сатҳи 2,2 фоиз ва коҳишёбии онро дар моҳи январи соли 2019 дар сатҳи 0,8 фоиз пешбинӣ менамоянд.

Бо вуҷуди ин, таъсири эҳтимолии хавфи ҷангҳои тиҷоратии байни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ҳанӯз ба истеҳсолоти саноатии Ҷопон таъсири манфӣ нарасонидааст, боиси нигаронӣ мебошад.

Сустшавии рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли 2019

.

 

 

 

Бонки марказии Аврупо (БМА) дар маҷаллаи иқтисодии худ изҳор намуд, ки заифгардии дастгирии сиёсӣ дар кишварҳои иқтисодиёти пешрафта ва ҷой доштани таъсири низоъҳои тиҷоратӣ байни ИМА ва Хитой ба вазъи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, боиси сустшавии рушди он дар соли 2019 мегардад.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи моҳи декабри соли 2018 БМА меъёри фоизи қарзҳоро дар сатҳи сифр ва меъёри пасандозҳоро дар сатҳи 0,4 фоизи солона боқӣ монд.

Бонки марказӣ изҳор намуд, ки мақсад дорад меъёри калидиро то охири тобистони соли 2019 дар сатҳи қаблӣ боқӣ монад. Бонки марказӣ дурнамои сатҳи таваррумро дар соли 2018 аз 1,7 фоиз то 1,8 фоиз ва дар соли 2019 аз 1,7 фоиз то 1,6 фоиз баҳодиҳӣ намуд.

 

 

 

Гузариши ҳисоббаробаркунӣ ба асъори миллӣ бо Федератсияи Россия аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия

.

 

 

 

 

 

 

 

Президенти Ҷумҳурии Туркия изҳор намуд, ки Туркия гузаштани ҳисоббаробаркунии дуҷониба дар савдо ба асъори миллӣ миёни Федератсияи Россия ва 12 давлати дигарро тасмим гирифтааст.

Тибқи маълумоти Президенти Туркия Ҳукумати кишвар нақшаи дусолаи мувофиқашударо оид ба савдо бо Хитой, Мексика ва Россия дар нақша дорад.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» Президенти Туркия қаблан изҳор намуда буд, ки ҳисоббаробаркунӣ барои воридоти комплексҳои дифоъи ҳавопаймоии Россия С-400 бо асъори миллӣ ба роҳ монда мешавад.