Навиди иқтисодӣ

Ҷумҳурии Туркия аз 1 январи соли 2019 аз сайёҳони хориҷӣ андоз меситонад

.

 

 

 

Воситаи ахботи оммаи маҳаллӣ дар робита бо Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Туркия иттилоъ медиҳанд, ки Ҷумҳурии Туркия аз 1 январи соли 2019 баҳри таъмини бехатарии сайёҳони хориҷӣ 1,5 евро ба ҳар як сайёҳ андоз ҷорӣ менамояд.

Қаблан ҷорӣ намудани андози мазкур дар ҳаҷми 3 евро пешбинӣ гардида буд ва бо назардошти муроҷиати ширкатҳои сайёҳӣ он то 1,5 евро паст карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки аз 40 млн. сайёҳони дар соли 2018 ба Ҷумҳурии Туркия воридгардида 6 млн. нафарашонро сайёҳони Федератсияи Россия ташкил медиҳанд.

 

 

 

Афзоиши ҳаҷми содироти нафти Ҷумҳурии Ироқ дар моҳи декабр

.

 

 

 

Агентии «Bloomberg» дар робита ба маълумоти намояндаи Вазорати нафти Ҷумҳурии Ироқ иттилоъ медиҳад, ки содироти нафт аз Ироқ дар моҳи декабри соли 2018-ум 3,7 млн. баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябр 10,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ дар моҳи декабр Ироқ 115 млн. баррел нафт, аз ҷумла 112 млн. баррел нафт аз чоҳҳои ҷануби кишвар ва 3 млн. баррел аз чоҳҳои шимоли кишвар содир намудааст.

Инчунин тибқи маълумоти намояндаи Вазорати нафти Ироқ даромади кишвар аз содироти нафт (бо назардошти нархи миёнаи нафт барои як баррел 52,8 доллар) дар моҳи декабри соли 2018-ум 6,1 млрд. долларро ташкил кард.

 

 

 

Коҳишёбии сармоягузории Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Олмон

.

 

 

 

Тибқи иттилои Агентии «Bloomberg» дар нимсолаи дуюми соли 2018 ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой бо сабаби зери назорати қатъӣ гирифтани сармоягузории хориҷӣ аз тарафи Ҳукумати Олмон сармоягузориро ба ширкатҳои олмонӣ кам карданд.

Сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар нимсолаи дуюми соли 2018 барои харидории саҳми ширкатҳои олмонӣ 311 млн. доллари ИМА сарф карданд, ки ин нишондиҳанда дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қариб 10 млрд. долларро ташкил медод.