Навиди иқтисодӣ

Таъсиси ширкати сармоягузорӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб

.

 

 

 

Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Фонди рушди Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб ширкати сармоягузорӣ бо маблағи 1 млрд. долларро таъсис медиҳанд.

Ширкати саҳомӣ дар шакли ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд бо сармояи оинномавии 5 млн. доллар ва сармояи муайянгардидаи 1 млрд. доллар таъсис дода мешавад. Фонди рушди Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб дар ширкати сармоягузорӣ 75,0 фоиз ва Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 25,0 фоизи сармояро бо имконияти ҷалби иштирокчиёни иловагӣ ба даст хоҳад овард.

Ҳамзамон Кумитаи давлатии сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод, ки Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо «ADS Holding»-и Аморати Муттаҳидаи Араб шартнома дар бораи таъсиси фондҳои сармоягузории мустақим то 1 млрд. долларро ба имзо расониданд.

 

 

 

Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

Мутобиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон рушди ММД дар соли 2018-ум 5,1 фоизро ташкил дода, ҳаҷми номиналии он ба 407,5 трлн. сум (45,8 млрд. доллар) баробар гардид.

Ҳиссаи андозҳои мустақим дар сохтори ММД 11,2 фоизро ташкил карда, 5,5 фоиз боло рафтааст. Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар сохтори ММД 1,6 банди фоизӣ коҳиш ёфта, 32,4 фоизро ташкил намуд.

Ҳиссаи саноат 4,1 банди фоизӣ зиёд гардида, ба 26,3 фоиз баробар гардид. Ҳиссаи сохтмон дар сатҳи соли 2017 қарор дошта 5,7 фоизро ташкил кард.

Ҷумҳурии Халқии Хитой андозҳоро барои ширкатҳои хурди тиҷоратӣ паст мекунад

.

 

 

 

Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи таҳкими ташкили ҷойҳои корӣ ва таъмини устувории иқтисодиёт кам кардани меъёри андозро барои корхонаҳои хурд дар кишвар эълон намуд.

Ширкатҳое, ки ҳаҷми фурӯши моҳонаи онҳо то 100 ҳазор юан (14,8 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳанд аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

То ин ҷониб нишондиҳандаи мазкур 30 ҳазор юан муайян гардида буд. Қоидаҳои нав аз моҳи январи соли ҷорӣ то охири соли 2021 амал мекунанд.