Навиди иқтисодӣ

Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Федератсияи Россия

.

РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки Сарвазири Федератсияи Россия дар форум оид ба «Масъалаҳои рақамикунонӣ 2.0» дар Алма-ато изҳор намуд, ки дар панҷ соли оянда ба Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ дар Россия 1,8 трлн. рубл ё тақрибан 30 млрд. доллар ҷудо карда мешавад.

Инчунин қайд кард, ки дар Россия барномаи рақамикунонӣ модели миллӣ ба ҳисоб рафта, қисми маблағҳо аз буҷаи федералӣ ва қисми дигар аз сарчашмаҳои ғайрибуҷавӣ сафарбар карда мешаванд.

Эҳтимолияти ба таназзул дучоршавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеролии Олмон

.

Тибқи баҳодиҳии коршиносони Deutsche Bank иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар марзи таназзул қарор дорад.

Ҳукумати Олмон 30 январ дурнамои рушди иқтисодиёти кишварро аз нав таҷдиди назар намуда, баҳодиҳии онро дар соли 2019 нисбат ба баҳодиҳии қаблӣ аз 1,8 фоиз то 1,0 фоиз паст кард.

Коҳишёбии рушди иқтисодиёти Олмон аз ҳисоби индекси фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолии кишвар мушоҳида мегардад. Тибқи маълумоти ширкати тадқиқотии «IHS Markit» дар моҳи январ нишондиҳандаи мазкур то 49,7 банди фоизӣ кам гардид.

Рушди иқтисодиёти минтақаи евро

.

Иқтисодиёти минтақаи евро дар соли 2018 дар давоми чор соли охир дар сатҳи пасттарин рушд ёфт.

Тибқи маълумоти Агентии омори Аврупо «Eurostat» иқтисодиёти минтақаи евро дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 (2,4 фоиз) 1,8 фоиз афзоиш ёфт.

Рушди иқтисодиёти минтақа дар соли 2017-ум 2,4 фоизро ташкил дода буд, ки ин дар давоми даҳ соли охир нишондиҳандаи баландтарин ба ҳисоб меравад.

Рушди иқтисодиёти минтақаи евро дар семоҳаи чоруми соли 2018 бо ҳисоби солона нисбат ба семоҳаи сеюм 0,3 фоиз афзоиш ёфта, 0,9 фоизро ташкил намуд.