Навиди иқтисодӣ

Иқдоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба зиёд намудани захираҳои тилло

.

 

 

 

Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақрибан 45,0 фоизи сармоягузориҳоро барои гузаронидани корҳои таҳқиқотию геологӣ ҷиҳати арзёбӣ ва ҷустуҷӯи тилло сафарбар менамояд.

Бо назардошти лоиҳаи консепсияи рушди соҳаи геологияи Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2024, ки аз ҷониби Кумитаи давлатӣ оид ба геология ва захираҳои маъдан таҳия гардидааст, афзоиши захираҳои тилло дар кишвар дар солҳои 2020-2024 метавонад 474 тоннаро ташкил диҳад ва арзиши он 18,75 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мегардад.

Ҳаҷми сармоягузориҳо дар корҳои таҳқиқотӣ - геологӣ оид ба тилло бояд 230 млн. долларро ташкил диҳад.

Ҳаҷми асосии корҳо дар ноҳияҳои Қизилқуми марказии вилояти Навоӣ, инчунин вилоятҳои Самарқанд ва Тошкент гузаронида мешавад.

 

 

 

Профитсити буҷети Ҷумҳурии Федеролии Олмон

.

 

 

 

Мувофиқи маълумоти Агентии федеролии омори кишвар (Destatis) аз рӯи ҷамъбасти соли 2018 дар иқтисодиёт баъд аз якҷояшавии Олмон дар соли 1990 профитсити рекордии буҷет ба қайд гирифта шуд.

Тарози мусбии буҷет дар соли 2018 то 58 млрд. евро зиёд гардид, ки ин 1,7 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Афзоишиш назарраси даромад нисбат ба хароҷот дар соли 2018 аз ҳисоби зиёдшавии воридоти андозӣ, саҳмияҳои иҷтимоӣ ва вазъи муътадили бозори меҳнат дар Олмон таъмин гардид.

Даромади буҷети Олмон дар соли 2018 -ум 4,7 фоиз афзоиш ёфта, 1 триллиону 543,6 млрд. евро ва профитсити буҷети федеролӣ 17,9 млрд. евроро ташкил дод.

 

 

 

Иқдомоти Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати маҳдуд кардани воридоти ангишт аз Австралия

.

 

 

 

Мувофиқи маълумоти Агентии «Reuters» намояндаи ширкат - оператори бандари «Dalian Port Group» изҳор намуд, ки Хадамоти гумруки Далян воридоти ангиштро аз Австралия қатъ намуда, ҳаҷми умумии воридоти онро то охири соли ҷорӣ дар сатҳи 12 млн. тонна маҳдуд намуд. \

Агентии мазкур иттилоъ медиҳад, ки тафтишоти нисбат ба воридоти ангишти Австралия қабулгардида ба воридоти ангишт аз давлатҳои Россия ва Индонезия таалуқ надорад.

Вобаста ба ин дар бозори асъор қурби доллари австриялигӣ нисбат ба долллари ИМА 1 фоиз паст гардид.