Навиди иқтисодӣ

ИМА нисбат ба Федератсияи Россия таҳримҳои нав ҷорӣ менамояд

.

Маъмурияти Трамп бо назардошти кори Скрипалҳо дар шаҳри Солсберии Британияи Кабир, ҷорӣ намудани таҳримҳои нав нисбат ба Федератсияи Россияро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Департаменти давлатии Вазорати молияи ИМА тасдиқ карда шуд.

Эҳтимолияти ба амал омадани таназзули ҷаҳонӣ дар мавриди ба имзо нарасидани созишномаи тиҷоратӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

Иқтисодчии Агентии байналмилалии рейтингии «Moody's» изҳор намуд, ки агар дар муддати семоҳ ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой созишномаи тиҷоратиро ба даст наоранд, иқтисоди ҷаҳонӣ ба таназзул дучор мегардад.

Афзоиши назарраси талабот ба нафт дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2025

.

 

 

 

Таҳлилгарони «Morgan Stanley» пешбинӣ менамоянд, ки талабот ба нафт дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2025 ба сатҳи максималӣ баробар мегардад.

Мутобиқи маълумоти коршиносон дар ҳолати аксари кишварҳои бо иқтисодиёти тараққиёфта афзоиши истеъмоли нафтро бо назардошти зиёдшавии талабот ба автомошинаҳо пешбинӣ менамоянд, дар Хитой нақлиёти барқӣ, инчунин хатҳои баландсуръати роҳи оҳан фаъолона пеш рафта истодаанд, ки ба коҳишёбии талаботи сузишвории автомобилҳо мусоидат менамояд.

Татбиқи чунин дурнамо тағйироти ҷиддиро дар бозори ҷаҳонии нафт ба миён меорад, зеро ҳиссаи Хитой дар талаботи ҷаҳонӣ назаррас мебошад.