Навиди иқтисодӣ

Дурнамои Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон оид ба рушди иқтисодиёти кишвар дар соли 2019

.

 

 

 

Вазири иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар маҷлиси Ҳукумат оид ба дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои соли 2019 изҳор намуд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2019 дар сатҳи 3,8 фоиз афзоиш меёбад.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ рушди иқтисодиёти кишвар 2,9 фоизро ташкил дод. Рушди иқтисодиёти кишвар дар ин давра аз ҳисоби рушди истеҳсоли молҳо ва бахши хизматрасониҳо таъмин гардид.

Тибқи баҳодиҳии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (ЕБРР) рушди иқтисодиёти Қазоқистон дар соли 2019 нисбат ба соли гузашта то 0,6 фоиз суст гардида, 3,5 фоизро ташкил медиҳад.

 

 

 

Коҳишёбии назарраси содироти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи феврали соли 2019

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Саридораи гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой содироти мол аз Хитой дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба андозаи 20,7 фоиз ва бо ҳисоби солона 135 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаи камтарин аз моҳи феврали соли 2016 то ин мебошад.

Таҳлилгарони агнетии «Reuters» коҳишёбии содироти Хитойро дар моҳи феврал дар сатҳи 4,8 фоиз баҳодиҳӣ намуда буданд. Воридоти мол дар Хитой дар моҳи феврал бо ҳисоби солона 5,2 фоиз коҳиш ёфт.

Тарози мусбии тавозуни савдои Хитой дар моҳи феврал бо назардошти таъсири хароҷоти назаррас дар ҷашни соли нав дар кишвар ҳамагӣ 4,1 млрд. долларро ташкил дод.  

 

 

 

Афзоиши маблағгузории соҳаи илм ва тадқиқот дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2019

.

 

 

 

Агентии «South China Morning Post» иттилоъ медиҳад, ки афзоиши хароҷоти буҷети Ҷумҳурии Халқии Хитой барои маблағгузории соҳаи илм ва тадқиқот дар соли 2019 идома ёфта, ба 2,5 фоизи ММД-баробар хоҳад гардид.

Мутобиқи маълумоти Бюрои омори миллии Хитой Ҳукумати кишвар дар соли 2018 дар соҳаи тадқиқот ва рушд 1,96 трлн. юан ё 291,6 млрд. доллари ИМА сарф намуд, ки 2,2 фоизи ММД-ро ташкил дод ва нисбат ба соли 2017-ум 11,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2013 буҷети Хитой нисбат ба буҷети 28 давлатҳои Иттиҳоди Аврупо бештар буд ва айни замон хароҷоти ӯ ба соҳаи тадқиқот ва ихтироот танҳо аз хароҷоти ИМА камтар мебошад.