Навиди иқтисодӣ

Ҷумҳурии Халқии Хитой нишондиҳандаи мақсадноки рушди иқтисодиётро дар соли 2019 паст кард

.

 

 

 

Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи вакилони халқии Хитой изҳор намуд, ки Ҳукумати кишвар нишондиҳандаи мақсадноки рушди иқтисодиётро дар соли 2019 то 6-6,5 фоиз кам кард.

Бо мақсади устувор нигоҳ доштани иқтисодиёти кишвар, Ҳукумат кам кардани андозҳоро барои ширкатҳо ба маблағи 2 трлн. юан (298,3 млрд. доллар) баъди 1,3 трлн. юан кам кардан дар соли гузашта, пешбинӣ менамоянд.

Инчунин Ҳукумати кишвар иқдом намудааст, ки дар соли ҷорӣ 11 млн. ҷойҳои нави корӣ дар шаҳрҳо ташкил намояд ва бекориро дар шаҳрҳо дар сатҳи 4,5 фоиз нигоҳ дорад.

 

 

 

Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини гази моеъ дар Аврупо ҷойи аввалро ишғол намуд

.

 

 

 

Агентии «Reuters» тибқи маълумоти терминали «Refinitiv Eikon» иттилоъ дод, ки Федератсияи Россия дар моҳи феврал гази моеъро ба Аврупо дар ҳаҷми 1,4 млн. тонна ё 19 партия (ҳаҷми муайяни маҳсулот) интиқол намуд ва дар миёни як қатор интиқолкунандагони гази моеъ ҷойи аввалро ишғол намуд.

Зинаи дуюмро оид ба таъмини гази моеъ дар моҳи феврал бо ҳаҷми 1,3 млн. тонна ё 18 партия давлати Қатар ишғол намуд. Ҷумҳуриҳои Алҷир ва Нигерия ба Иттиҳоди Аврупо мутаносибан 18 ва 16 партиягӣ гази моеъ интиқол намуданд.

Интиқоли гази моеъ аз ИМА ҳамагӣ 0,6 млн. тонна ё 9 партияро ташкил намуд, ки то сатҳи пасттарини моҳи ноябри соли 2018 коҳиш ёфтааст.

 

 

 

G20: хатари бемориҳо ба рушди иқтисодиёти ҷаҳон

.

 

 

 

Мувофиқи иттилоъи «Вести.Экономика» бемориҳои ғайрисироятӣ (ба монанди фарбеҳшавӣ ва саратон) ва устуворӣ ба маводҳои дорувории зиддимикробӣ ба монанди тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти ҷаҳон хавфи назаррас мерасонад. Дар сурати пешгирӣ накардани масъалаи мазкур аз ҷониби давлатҳои аъзои G20 боздошти ин бемориҳо ғайриимкон мебошад.

 Ҳамкориҳои аъзои G 20 дар самти тандурустӣ ва рушд - иттиҳоди тиҷоратӣ, ширкатҳои ғайридавлатӣ ва академикӣ- дар ҳисоботи худ пешниҳод намуданд, ки аз ҳисоби бемориҳои ғайрисироятӣ фавти аҳолии ҷаҳон то соли 2030 ду баробар меафзояд.

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ бемории пандемия то 1,0 фоизи ММД-и ҷаҳонро аз байн мебарад, ки ба таъсири хавфҳои афзалият дошта ба мисли тағйирёбии иқлим баробар аст.