Навиди иқтисодӣ

Лукашенко ҷонибдори рубли нав дар Давлатҳои иттифоқ аст

.

 

 

 

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад. ки Президенти Беларус пешниҳоди дар Давлатҳои иттифоқ ҷорӣ намудани асъори ягонаро ҷонибдорӣ мекунад, вале чунин асъор на рубли русӣ ва на рубли беларусӣ, балки рубли умуми бояд бошад.

Мавсуф изҳор намуд, ки аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия ягон сухан оид ба дохил намудани Беларус ба ҳайати Федератсияи Россия набуд ва он чунин пешниҳодро нашунидааст, ҳеҷ гуна нияти ба ҳайати Федератсияи Россия дохил кардани Беларус вуҷуд надорад.

Сарвазири Федератсияи Россия пештар гуфта буд, ки Россия омода аст ҳамаи бандҳои шартномаро оид ба таъсиси Иттифоқи давлатҳои Россия ва Беларус аз соли 1999, аз ҷумла ташкили хадамоти гумруки ягона, суд ва Палатаи ҳисоб иҷро намояд.

Чунин сатҳи якҷояшавӣ имконият медиҳад, ки сиёсати андоз ва тарифӣ, сиёсати нархгузории ягона пеш бурда шавад.

 

 

 

Ҷумҳурии Ҳиндустон нақшаи ёрии пулии нақлиёти барқиро ҷонибдорӣ намуд

.

 

 

 

Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Ҳиндустон нақшаи хароҷоти 1,4 млрд. доллари ИМА-ро барои ёрии пулии (субсидия) фурӯши воситаҳои нақлиёти барқӣ, барқ-дигар сузишвориҳо дар доираи таҳкими мубориза бо ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани вобастагӣ аз намудҳои канданиҳои сузишворӣ тасдиқ намуд.

Тибқи изҳороти Ҳукумати Ҳиндустон ёрии пулӣ бо назардошти ҳаҷми аккумулятори воситаҳои нақлиёт аз автобусҳо ва мошинҳои сабукрав сар карда то нақлиёти сечарха ва мототсиклҳо пешбинӣ мегардад.

Ҳавасмандгардониҳо танҳо нисбат ба воситаҳои нақлиёти арзишашон камтар аз 1,5 млн. рупия (21,2 ҳазор доллар) қабул хоҳанд шуд.

 

 

 

Афзоиши сатҳи бекорӣ дар Ҷопон

.

 

 

 

Сатҳи бекорӣ дар Ҷопон дар моҳи январи соли 2019 бо назардошти тағйирёбии мавсимӣ нисбат ба моҳи декабри соли 2018-ум 0,1 банди фоизӣ афзоиш ёфта, 2,5 фоизро ташкил намуд.

Таносуби шумораи ҷойҳои холии корӣ ва корҷӯён дар моҳи январ дар сатхи 1,6 боқӣ монд, ки бо нишондиҳандаи дурнамо мувофиқ омад. Яъне, ба 100 корҷӯй 163 ҷойи кории холӣ рост омад.

Бекории аҳолӣ дар Ҷопон бо назардошти коҳишёбии қувваи корӣ аз ҳисоби пиршавии аҳолӣ дар сатҳи пасттарин дар давоми 26 сол боқӣ мемонад.