Навиди иқтисодӣ

Кам кардани истихроҷи нафт аз ҷониби кишварҳои аъзои ОПЕК

.

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки дар кишварҳои аъзои ОПЕК моҳи январ коҳишёбии истихроҷи нафт ба қайд гирифта шуд ва онҳо қариб 80 фоизи созишнома оид ба кам кардани истихроҷро иҷро намуданд.

Бузургтарин кишвари содиркунандаи нафт Арабистони Саудӣ 450 ҳазор баррел дар як шабонарӯз истихроҷи нафтро кам кард, ки аз ваъдаи додааш қариб 30 фоиз зиёдтар аст. Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қувайт низ истихроҷи нафтро назаррас коҳиш доданд.

Кишварҳои аъзои ОПЕК +, ки Россия низ ба онҳо шомил аст ба мувофиқа расиданд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2019 нисбат ба нишондиҳандаи моҳи октябр таҳвили нафтро ба бозори ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 1,2 млн. баррел дар як шабонарӯз коҳиш медиҳанд.

Президенти Италия сину соли нафақаро дар кишвар паст кард

.

 

 

 

Агентии «ANSA» иттилоъ дод, ки Президенти Италия Қонуни кам кардани синну соли нафақа ва ворид намудани ҳадди ақали пасттарин барои камбизоатонро ба имзо расонид.

Тибқи талаботи қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ кардани қонуншиканӣ аз ҷониби муроҷиаткунандагон барои кумакпулӣ Ҳукумат масъулияти ҷиноятиро ҷиҳати пешниҳод кардани маълумоти нодуруст ҷорӣ намуд.

Инчунин ислоҳоти дуюм барои кам кардани синну соли нафақа аз 67 сол то 62 сол ба шарти собиқаи меҳнатӣ на кам аз 38 сол доштан, нигаронида шудааст.

 

 

 

Афзоиши қарзи давлатии Ҷумҳурии Украина дар соли 2018

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Украина қарзи давлатӣ ва аз ҷониби давлат кафолатдодашуда дар соли 2018-ум 2,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 1 декабри соли 2018 ба 78,3 млрд. доллари ИМА ё ба 2,2 трлн. гривна баробар гардид.

Дар соли 2018 қарзи давлатии кишвар дар ҳаҷми 26,9 млрд. гривна ё 2,0 млрд. доллар зиёд гардид.

Қарзи берунаи Украина дар охири моҳи декабри соли 2018-ум 1,4 трлн. гривна ё 50,5 млрд. доллар ва қарзи дохилӣ 771,4 млрд. гривна ё 27,9 млрд. долларро ташкил намуд.