Навиди иқтисодӣ

Роҳи нави абрешим дар Аврупо ба монеаҳои ҷиддӣ дучор мешавад

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Агентии «Asia Times» Иттиҳоди Аврупо ислоҳоти низоми ҳалли баҳсҳоро миёни сармоягузорон ва давлатҳо пешниҳод намуд.

Пешниҳоди мазкур муносибати сармоягузориро миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Иттиҳоди Аврупо ва муколамаи онҳо оид ба иқдомоти Пекинро вабаста ба «Як камарбанд-як роҳ» метавонад мушкил созад.

Ба наздикӣ Иттиҳоди Аврупо нақшаи таъсиси мақоми доимӣ оид ба ҳалли баҳсҳои байнисарҳадиро, ки дар доираи созишномаҳои сармоягузории мавҷудбуда ва минбаъда ба вуҷуд меоянд, таҳия намуд.

Пешниҳоди Аврупо дар асоси низоми нави ҳалли баҳсҳо, ки ба созишнома оид ба савдои озод ва ҳифзи сармоягузориҳо бо Канада, Сингапур, Ветнам ва Мексика дохил карда шудаанд, ба роҳ монда шудааст.

 

 

 

Пешниҳодҳои Ҷумҳури Халқии Хитой оид ба ислоҳоти Созмони Умумҷаҳонии Савдо (СУС)

.

 

 

 

Ҷумҳурии Халқии Хитой дар мавриди ислоҳоти СУС се принсипи асосиро пешниҳод намудааст, аз ҷумла арзишҳои асосии низоми савдои бисёрҷониба бояд нигоҳ дошта шавад, манфиатҳои рушди аъзоёни кишварҳои тараққикунанда ҳимоя гардад ва механизми тартиби қабули қарорро риоя кунад.

Ҳамзамон Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи ислоҳоти СУС чунин пешниҳод менамояд, аз ҷумла:

 - ислоҳоти СУС бояд пеш аз ҳама ба низоми савдои бисёрҷониба мусоидат намояд;

 - афзалияти ислоҳоти СУС ба барҳам додани бӯҳронҳои мавҷуда (масъалаҳо), ки СУС ба онҳо рӯ ба рӯ шудааст, равона гардад.

- ислоҳоти СУС бояд мутобиқати қоидаҳои савдоро ба назар гирад ва ба талаботи замон ҷавобгӯй бошад;

- ислоҳоти СУС бояд барои аъзои кишварҳои тараққикунанда доштани ҳуқуқҳои махсус ва гуногунро таъмин намояд;

- ислоҳоти СУС бояд моделҳои рушди аъзои худро эҳтиром намояд.

 

 

 

Рушди пасттарини иқтисодиёти минтақаи евро аз соли 2014

.

 

 

 

«Вести. Экономика». иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти охирини Идораи омори Иттиҳоди Аврупо (Eurostat) иқтисодиёти минтақаи евро дар семоҳаи сеюм бо суръати пасттарин дар чор соли охир рушд ёфта, афзоиши шуғл низ коҳиш ёфтааст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии 19 кишвари минтақаи евро дар моҳҳои июл-сентябр нисбат ба семоҳаи дуюм ба ҳисоби миёна 0,2 фоиз рушд ёфт, ки аз моҳи сентябри соли 2014 рушди пасттарин ба ҳисоб меравад.

 Иқтисодиёти 28 кишвари Иттиҳоди Аврупо дар семоҳаи III-ум дар муқоиса бо семоҳаи қаблӣ 0,3 фоиз рушд ёфта, иқтисодиёти бузургтарин дар минтақаи евро, Олмон дар моҳҳои июл-сентябр бо ҳисоби семоҳа 0,2 фоиз коҳиш ёфта бо ҳисоби солона 1,2 фоиз афзудааст.