Навиди иқтисодӣ

Ҷангҳои тиҷоратӣ ба манфиати ИМА нест

.

 

 

 

Агентии Caixin дар робита ба маълумоти Саридораи гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой иттилоъ медиҳад, ки ИМА тасмим гирифта буд, ки тавассути ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ ба молҳои Хитой касри тарози савдои кишварро бо Хитой коҳиш диҳад.

Дар асл касри тарози савдо бо Хитой дар моҳи ноябр сатҳи баландтарин 35,6 млрд. долларро ташкил дод.

Дар ин давра содирот аз Хитой ба ИМА 10,0 фоиз афзоиш ёфта, 46,2 млрд. долларро ташкил намуд ва воридоти Хитой аз ИМА 25,0 фоиз коҳиш ёфта, 10,7 млрд. долларро ташкил кард.

 

 

 

Коҳишёбии афзоиши даромади корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

 

 

Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки рушди даромади корхонаҳои саноатӣ дар Хитой бо назардошти коҳишёбии афзоиши фурӯш ва нархҳои истеҳсолкунандагон дар моҳи октябр, моҳи шашум пайи ҳам коҳиш ёфта истодааст.

Тибқи маълумоти Идораи давлатии омори кишвар даромади корхонаҳои саноатӣ дар моҳи октябр бо ҳисоби солона 3,6 фоиз зиёд гардида, 548 млрд. юан (78,9 млрд. доллар)-ро ташкил дод. Дар моҳи сентябр рушди даромад 4,1 фоизро ташкил дода буд.

Дар моҳҳои январ-октябр даромади корхонаҳои саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар моҳҳои январ-сентябр ин нишондиҳанда 14,7 фоиз зиёд гардида буд.

 

 

 

Шарҳи асъори кишварҳои тараққикардаистода

.

 

 

 

Дар давраи аз 20 то 27 ноябри соли ҷорӣ вазъи бозорҳои асъори давлатҳои тараққикардаистода бо назардошти таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш ёфт. Аз ҷумла коҳишёбии нархи нафти навъи «Brent» дар ин давра ба андозаи 3,0 фоиз мушоҳида гардид.

Дар ин давра қурби лираи Туркия нисбат ба доллари ИМА баъди ба истифода додани лулаи гази «Турецкий поток» 2,3 фоиз афзоиш ёфта, тенгеи Қазоқистон ва рубли Россия дар доираи коҳишёбии нархи нафт ва таҳримҳои ҷоринамудаи ИМА ба иқтисодиёти Федератсияи Россия назаррас коҳиш ёфтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021 дурнамои қурби асъори тенгеро нисбат ба доллар таҷдиди назар намуда, онро нисбат ба дурнамои қаблӣ аз 350 тенге то 370 тенге барои як доллар ва дурнамои нархи миёнаи нафтро аз 60 доллар то 55 доллар барои як баррел қоҳиш дод.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное