Навиди иқтисодӣ

Баҳодиҳии рушди иқтисодиёти Федератсияи Россия дар солҳои 2018-2021

.

 

 

 

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» рушди иқтисодиёти Федератсияи Россияро дар солҳои 2018-2021 дар сатҳи 1,7-1,8 фоиз пешгӯӣ намудааст.

Дар баробари ин Ҳукумати мамлакат рушди иқтисодиётро дар соли 2021 3 фоиз пешбинӣ кардааст.

Тибқи маълумоти «Вести экономика» дар аввали моҳи ноябри соли 2018 Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд рушди иқтисоди ин кишварро дар солҳои 2018-2019 дар сатҳи 1,5 фоиз нигоҳ дошт.

 Дар моҳи октябри соли 2018 Агентии рейтингии баймалмилалии «Moody’s» рушди иқтисоди Федератсияи Россияро дар солҳои 2018-2019 аз 1,5 фоиз то 1,7 фоиз зиёд намуд. Тибқи баҳодиҳии Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия рушди иқтисодиёт дар соли 2018-ум 1,8 фоиз ва дар соли 2018 то 1,3 фоиз коҳиш меёбад.

Хазинаи Байналмилалии Асъор рушди иқтисоди Россияро таҷдиди назар намуда, онро дар соли 2019-ум 1,8 фоиз пешбинӣ намудааст, ки нисбат ба дурнамои қаблӣ 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Рушди иқтисодиёт дар соли 2018 дар сатҳи 1,7 фоиз нигоҳ дошта шуд.

 

 

 

Баҳодиҳии ОПЕК оид ба барзиёдии нафт дар бозори ҷаҳон дар соли 2019

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» ОПЕК огоҳ намудааст, ки дар соли 2019 бо назардошти коҳиш ёфтани рушди иқтисоди ҷаҳон ва афзоиши таҳвили нафт барзиёдатӣ дар бозори ҷаҳонии нафт пешбинӣ мегардад.

ОПЕК дурнамои рушди талаботи нафт дар ҷаҳон дар соли 2019-ро таҷдиди назар намуда, пешбинӣ менамояд, ки талабот ба нафт дар ҷаҳон дар соли 2019 дар ҳаҷми 1,3 млн. баррел дар як шабонарӯз афзоиш ёфта, нисбат ба баҳодиҳии қаблӣ 70 ҳазор баррел дар як шабонарӯз кам мебошад.

Тибқи дурнамои ОПЕК ҳаҷми истеҳсоли нафти берун аз картел дар соли 2019 нисбат ба баҳодиҳии қаблӣ 120 ҳазор баррел дар як шабонарӯз зиёд гардида, дар маҷмӯъ 2,2 млн. баррелро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки захираҳои нафт барои тиҷорат дар давлатҳои аъзои «ОЭСР» дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи гузашта 5,5 млн. баррел зиёд гардида, дар маҷмӯъ 2,9 млрд. баррелро ташкил дод.

Тибқи гузориши ОПЕК захираҳои нафтӣ дар ин давра нисбат ба соли гузашта 111 млн. баррел кам мебошад.

Захираҳои нафти хом дар моҳи сентябр дар ҳаҷми 13,5 млн. баррел коҳиш ёфта, захираҳои маҳсулоти нафтӣ 19 млн. баррел зиёд гардидааст.

 

 

 

Изҳороти Ҳукумати Арабистони Саудӣ оид ба кам кардани ҳаҷми истихроҷи нафт дар ҷаҳон

.

Вазири энергетикаи Арабистони Саудӣ дар баромади худ дар конфронси «ADIPEC» давлатҳои истеҳсолкунандаи нафтро ба зарурияти кам кардани ҳаҷми истихроҷи нафт дар ҷаҳон нисбат ба нишондиҳандаи моҳи октябри соли ҷорӣ ба андозаи 1 млн. баррел дар як шабонарӯз даъват намуд.

Давлатҳои истеҳсолкунандаи нафт омодагии худро ҷиҳати кам кардани ҳаҷми истихроҷи нафт бо назардошти тағйирёбии вазъи бозор изҳор намуданд.

Инчунин Вазир қайд намуд, ки Арабистони Саудӣ ҳаҷми истихроҷи нафтро аз моҳи декабри соли ҷорӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор баррел дар як шабонарӯз кам менамояд.