Навиди иқтисодӣ

Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ

.

 

 

 

Вазири иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор намуд, ки бо назардошти афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ва истеҳсолот рӯшди иқтисодиёт дар моҳҳои январ-октябр 4,1 фоиз рушд ёфт.

Дар ин давра ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 20,8 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,7 фоиз афзоиш ёфт.

Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ бо назардошти афзоиш ёфтани воридоти маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, газ, алюминий ва мис ба андозаи 21,6 фоиз, аз ҷумла содирот 28,2 фоиз рушд ёфт.

 

 

 

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Украина оид ба баланд бардоштани меъёри фоизи андоз ба фонди музди меҳнат

.

 

 

 

 Ҳукумати Ҷумҳурии Украина бо мақсади ҷалб намудани захираҳои иловагӣ ба Фонди давлатии нафақа ба парлумони кишвар ҷиҳати баланд бардоштани меъёри фоизи андоз ба фонди музди меҳнат дар соли 2019-ро пешниҳод намуд.

Дар соли 2018 аз ҳисоби буҷет барои пӯшонидани камомади Фонди нафақа зиёда аз 100 млрд. гривен пешбинӣ шудааст, ки ин 10 фоизи хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Вазири сиёсати иҷтимоии Украина дар ҷаласаи Ҳукумат баён намуд, ки бо назардошти пешниҳоди мазкур ба Фонди нафақа дар як сол иловатан то 10 млрд. гривен (358 млн. доллари ИМА) маблағ ворид мегардад. Вазир баён намуд, лоиҳаи қонуни мазкур афзоиши манбаи андозбандиро аз меъёри базавии 22,0 фоиз то 25 фоиз пешбинӣ менамояд.

 

 

 

Афзоиши воридоти мол дар Федератсияи Россия

.

 

 

 

Тибқи маълумоти пешакии мақомоти гумруки Федератсияи Россия дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 воридоти мол ба кишвар аз давлатҳои хориҷи дур бо ифодаи арзишӣ 156,5 млрд. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ бошад воридоти мол аз давлатҳои хориҷи дур бо ифодаи арзишӣ ба 17,2 млрд. доллар баробар гардид, ки нисбат ба моҳи сентябри соли 2017 ба андозаи 1,6 фоиз ва нисбат ба моҳи августи соли ҷорӣ 7,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра воридоти маҳсулоти нассоҷӣ ва пойафзол 25 фоиз (1,1 млрд. долларро ташкил дод), маҳсулоти кимиё 10,9 фоиз (2,9 млрд. доллар), маҳсулоти мошинсозӣ 6,6 фоиз (8,9 млрд. доллар), инчунин маҳсулоти озуқаворӣ ва ашё барои истеҳсоли он 6,2 фоиз (1,6 млрд. доллар) коҳиш ёфт. дошта шуд.