Навиди иқтисодӣ

Коҳишёбии сатҳи бекорӣ дар минтақаи Евро

.

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» сатҳи бекорӣ дар 19 кишвари минтақаи евро дар моҳи августи соли ҷорӣ назаррас коҳиш ёфт.

Аз рӯи маълумоти Идораи омори Аврупо (Eurostat) сатҳи бекорӣ дар минтақаи евро дар моҳи августи соли ҷорӣ 7,4 фоизро ташкил дод. Шумораи бекорон дар ин давра ба 12169 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба моҳи июл 115 ҳазор нафар кам мебошад.