Навиди иқтисодӣ

Болоравии сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

«Вести.экономика» дар робита бо маълумоти ширкати «Capital Economics» иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба паҳншавии бемории вабои хукҳои африқоӣ бенатиҷа монда истодааст.

Дар натиҷа нархи гӯшти хук боло рафта, боиси афзоиши таваррум нисбат ба нишондиҳандаи мақсаднок дар соли оянда мегардад, ки дар даҳ соли охир маротибаи аввал ба ҳисоб меравад.

Ширкати «Capital Economics» афзоши нархҳоро дар аввали соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 80 фоиз пешбинӣ кардааст, ки ин ба болоравии сатҳи таваррум оварда мерасонад.

Аз рӯи маълумоти Бюрои омори миллии Хитой дар моҳи август нархи гӯшти хук дар кишвар бо ҳисоби солона 46,7 фоиз афзоиш ёфта, болоравии назарраси сатҳи таваррум нисбат ба моҳи июл аз ҳисоби боло рафтани нархи гӯшти хук ба миён омадааст.

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳи август дар сатҳи 2,8 фоиз боқӣ монд ва ин нишондод нисбат ба нишондиҳандаи мақсаднок барои соли 2019 кам мебошад.

Ҳамин тавр сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 2019 бо ҳисоби миёна 3,5 фоиз ва дар соли 2020 4,0 фоиз нишон дода шудааст.

 https://www.vestifinance.ru/articles/124995

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Сингапур созишномаи якумро оид ба минтақаи озоди савдо ба тасвиб мерасонанд

.

«Вести.Экономика» дар робита бо маълумоти Вазорати савдои Комиссияи иқтисодии Авруосиё иттилоъ медиҳад, ки созишномаи якум оид ба минтақаи озоди савдо миёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Ҷумҳурии Сингапур якуми октябри соли ҷорӣ ба имзо расонида мешавад.

Бузургтарин қатъи интиқоли нафти Арабистони Саудӣ дар таърих

.

 

Тибқи маълумоти «Вести.Экономика» ҳамла ба объектҳои инфрасохтори нафти Арабистони Саудӣ рӯзи 14-уми сентябри соли ҷорӣ ба коҳишёбии ҷиддии интиқоли нафт ба бозори ҷаҳонӣ оварда расонид.