Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков
16 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронковро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмуъи масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон бо ташкилоти бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тавсеаву таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо СММ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои амниятӣ ва омилҳои ба суботи минтақа таъсиррасон, аз қабили терроризму маблағгузории он, ҷинояткории муташаккил ва шакли нав гирифтани фаъолияти гуруҳҳои террористиро муҳокима карда, таъкид доштанд, ки барои аз байн бурдани онҳо талошҳои муштарак ва пурзур кардани ниҳодҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир талаб карда мешавад.
Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва экстремизмро маҳкум карда, ҷонибдори амалисозии ҳар чи зудтари “Нақшаи муштараки татбиқи Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар Осиёи Марказӣ” ва “Нақшаи амалиёти Дабири кулли СММ оид ба огоҳсозии экстремизми зуровар” мебошад.
Ҷонибҳо барои муқовимат бо вабои аср, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ, аз қабили ДОИШ дар қисми шимолии Афғонистон андешидани тадбирҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумурданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.