Навиди Вазорат



Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) огоҳиномаи ирсолнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба уҳдадориҳои категорияҳои “В” ва “С”қабул намуд

.

Тайи як соли охир Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо коршиносони СУС пайваста корбарӣ намуда, бо назардошти зиёд намудани манфиатҳои иқтисодии кишвар ва риояи талаботи СУС огоҳиномаи уҳдадориҳои категорияҳои “В” ва “С”-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби СУС қабул гардид.

Аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзҳои 14-16 августи соли 2018 бо кӯмаки техникии Маркази байналмилалии савдо (МБС) семинари миллӣ оид ба «Афзалиятдиҳии доимӣ ва стратегияи татбиқи Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо» баргузор намуд, ки дар рафти он категорияҳои “А”, “В” ва “С” ба иштирокчиён пешкаш гардида, дар натиҷа уҳдадориҳои соддагардонии расмиёти савдо аз нав бозбинӣ шуданд.

Натиҷаи семинари мазкур дар рафти ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо 21 декабри соли 2018 бо назардошти эроду пешниҳодҳои вазорату идораҳо (аъзои Кумита) бо супориши дахлдор тасдиқ гардид.

Инчунин ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А. ба шаҳри Женеваи Швейтсария сафар кард, ки дар доираи он татбиқи уҳдадориҳо дар самти соддагардонии расмиёти савдо ва пешниҳоди огоҳиномаи категорияҳои “В” ва “С” баррасӣ гардиданд.

Дар натиҷа огоҳиномаи ирсолнамудаи уҳдадориҳои категорияҳои “В” ва “С”12 августи соли ҷорӣ дар сомонаҳои расмии СУС (www.wto.org ва www.tfadatabase.org) ҷойгир карда шуд.

Қайд бояд кард, ки категорияи “В” вақти иловагӣ ва категорияи “С” вақти иловагӣ ва ҳам кӯмаки молиявию техникии шарикони рушдро дар бар мегирад.

Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои категорияҳои “В” ва “С” аз шарикони рушд кӯмакҳои молиявию техникиро ҷалб намояд.