Навиди Вазорат



Вохурии Вазир бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ш.Душанбе

.

2 октябри соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохурии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ш.Душанбе, Майкл Хюитт баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Неъматулло Ҳикматуллозода аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои СММ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гашт, ҷонибҳо вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ барои соли ҷорӣ ва соли минбаъда, аз ҷумла доир ба беҳтар намудани вазъи муҳоҷирон, кам намудани теъдоди муҳоҷирон, ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи муҳоҷирон ва ҷудо намудани грантҳо барои тиҷорат ба муҳоҷирони баргашта сӯҳбат намуданд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.