Навиди Вазорат



Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба натиҷагирии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020.

.

zimiston-26-10-19.JPG - 6.04 MB

Рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба натиҷагирии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласаи мазкур гузориши як қатор намояндагони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаст ба корҳои анҷомёфта дар ин самт шунида шуд. Дар интиҳои ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масулини вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо баҳри бо сифати баланд ва дар сатҳи зарурӣ иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои дахлдор, сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 супоришҳои мушаххас доданд