Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 16 ноябри соли 2019 дар Вазорати рушди иктисод ва савдо ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро бо суханони табрикотӣ бахшида ба ҷашни «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ намуданд.
Сипас аз ҷониби Котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ - муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо роҷеъ ба вазъи иҷроиши супоришҳои протоколӣ маълумоти мухтасар манзур карда шуд.
Инчунин, роҳбарони МОИ-и кишвар низ вобаста ба корҳои анҷомдодаашон то ин дам маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва фаъолияти босамари минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.