Маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон
21 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо - Неъматулло Ҳикматуллозода ва Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дуктур Андреас Протманн маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019 баргузор гардид.
Сараввал Вазири рушди иқтисод ва савдо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дуктур Андреас Протманнро бо вазифаи пурмасъули сафирӣ муборакбод намуда, аз имкони дидору мулоқот ва баимзорасонии Созишномаи номбурда изҳори хушнудӣ карданд.
Сипас, Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба имзо расониданд.
Созишнома бо мақсади дар қаламрави Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои моҳияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия таҳия гардидааст. Ҳаҷми маблағи дар доираи Созишномаи мазкур ҷудошуда 4,0 млн. евроро ташкил дода, барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани шуғл ва даромаднокии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» равона карда мешавад. Мақсади лоиҳаи мазкур ин беҳтар намудани қобилият ва баланд бардоштани даромаднокии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои омузонидани онҳо бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва тахассусноккунӣ дар минтақаҳои интихобшуда мебошад.
Оғози татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани шуғл ва даромаднокии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон” пас аз ба тасвиб расидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018-2019 амалӣ мегардад ва мӯҳлати амали он 3 сол (2020-2022) дар назар дошта шудааст.