Бренди сол - 2019
Рӯзи 18 декабри соли ҷорӣ дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни Бренди сол - 2019 таҳти унвони «Қуллаи Шараф» бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва иштирокчиёни озмун - намояндагони бахши хусусӣ тантанавор баргузор карда шуд.
Маросими бошукуҳ бо сухани ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз гардида, сипас ба иштирокчиён - ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Бренди сол таҳти унвони «Қуллаи Шараф» бо тантана ҷоизаҳо супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон инак маротибаи саввум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол” таҳти унвони “Қуллаи шараф” дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Мақсад аз гузаронидани Озмуни мазкур, ин ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодабарии брендинг мебошад.