Навиди Вазорат



Портали савдои Тоҷикистон дар нашрияи созмонҳои байналмилалӣ дар соли 2019 ҳамчун намунаи беҳтарин пазируфта шуд

.

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд аз натиҷаи арзёбии соҳаҳои савдо ва сармоягузории кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019 нашрияи худро ба чоп расонид, ки дар он Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин ва дастоварди муҳим миёни кишварҳои минтақа пазируфта шуд.

Дар нашрияи қайдгардида ба Портали савдои Тоҷикистон, ки расман 26 апрели соли 2019 мавриди амал қарор гирифт, ҳамчун платформаи намунавӣ барои кам кардани вақт ва хароҷот ҳангоми содирот, воридот ва транзит, инчунин содда ва шаффоф гардонидани чораҳои ғайритарифӣ дар савдо баҳои баланд дода шудааст.

Коршиносони созмонҳои мазкур иштироки бахши хусусӣ ва ҷойгир намудани пешниҳоди онҳоро дар Портали савдои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, барои расидан ба рушди босуботи иқтисодӣ ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро яке аз самтҳои калидї ҳисоб менамоянд.

Айни замон дар Портал маълумот оид ба расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитии 51 гурӯҳи номгӯи молӣ, баробар ба зиёда аз 1500 молу маҳсулот, аз ҷумла расмиёти содиротии 19 номгӯи маҳсулот, расмиёти воридотии 30 номгӯи маҳсулот ва расмиёти транзитии 2 номгӯи маҳсулот ҷойгир карда шудааст.

Инчунин дар Портали савдои Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба имкониятҳои содиротии кишвар, давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ дарљ гардидааст.