Навиди Вазорат



Ҷамъомади идона бахшида ба "Рӯзи Модар"

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба "Рӯзи Модар" ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ баргузор карда шуд.

Ҷамъомадро бо сухани табрикотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо - муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин ифтитоҳ карда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеаи мо мебошад.

Сипас, муҳтарам Вазир саҳми арзандаи занонро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таъкид намуда, аз суханони Пешвои миллат ёдоварӣ карданд: "Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муаллими донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст".

Дар интиҳои ҷамъомад бонувон бо туҳфаҳои сазовор қадрдонӣ карда шуда, ба як якчанд нафари онҳо ифтихорномаҳо супорида шуд.