Навиди Вазорат



Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҷудо намудани 78 млн. евро маблағии иловагӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод

.

14 - уми апрели соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин якҷо бо Муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси қисми тоҷикистонии Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо масъалаи дархости ҷониби Тоҷикистонро бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба расонидани дастгириҳои молиявию техникӣ барои пешгирии паёмадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Вобаста ба ин Сафири Иттиҳоди Аврупо хонум Мерилин Йосефсон иттилоъ дод, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба дархости Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмакҳои молиявии иловагиро ба маблағи 48 млн. евро грант ва тавассути Бонки Сармоягузории Аврупо 30 млн. евро қарз барои нақшаҳои зиддибуҳронии Ҳукумати кишвар сафарбар менамояд.

Маблағҳои мазкур тавассути соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таҳкими сарҳад, тақвияти муассисаҳои тиббию таълимӣ, обёрӣ, санитарӣ ва пешгирии паёмадҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона мегардад. Илова бар ин муҷаҳҳазгардонии мутахассисони соҳаи тиб бо либосҳои ҳимоявӣ дар 25 дармонгоҳи тиббӣ ба маблағи 1,3 млн. евро ва таъмини лавозимоти санитарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 780 ҳазор евро анҷом дода мешавад.

Қайд бояд кард, ки дар доираи ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ аз Иттиҳоди Аврупо 631 млн. евро грант барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика ҷалб гардида, илова бар ин дар доираи Барномаи нави бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021-2027 маблағ дар хаҷми умумии тақрибан 360 млн. евро пешбинӣ шудааст.

Дар мулоқот масъалаҳои дигари рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла REX, GSP+, дастгирии буҷет муҳокима гардиданд. Дар навбати худ Завқизода З. А. аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Намояндаи Иттиҳоди Аврупо баён карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвият ва рушди ҳамкории дуҷониба иброз намуд. 

Аксҳо