Навиди Вазорат



Созишномаи грантии сеҷониба ба маблағи 18,6 млн. евро барои сохтмони НБО “Себзор” аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ба имзо расид

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Конфедератсияи Швейтсария маблағҳои умумии грантиро дар 55,2 млн. доллари ИМА барои сохтмони НБО “Себзор” ва инфрасохтори энергетикии он дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқтидори 11 МВт ҷалб намуд.

 

Рӯзи 22 июли соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З.А. Созишномаи сеҷонибаи грантиро бо Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони НБО “Себзор” ба маблағи 18,6 млн. евро ба имзо расонид, ки ин маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Хотиррасон бояд кард, ки 2 августи соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия Созишнома оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ба имзо расонида шуда, дар доираи созишномаи мазкур ҷониби Германия 17 млн. евро грант барои сохтмони лоиҳаи НБО “Себзор” пешбинӣ намудааст.

Инчунин 2 декабри соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария барои маблағгузориии бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ “Себзор-Хоруғ”, дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 110 кВ, чорабиниҳо доир ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим Созишнома ба маблағи грантии 9,55 млн. доллар ба имзо расид.

Ҳамзамон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ 1,9 млн. доллари ИМА барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии хати интиқоли барқи 110 кВ “Хоруғ-Ишкошим” ва аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 3 млн. доллари ИМА барои гузаронидани таҳқиқотҳои зарурӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҶСК “Помир энерҷӣ” маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи ин маросим Шартнома оид ба пешниҳоди маблағи грантӣ дар ҳаҷми 1 млн. евро барои кумакҳои ниёзи тиббӣ ҷиҳати бақайдгирии беморӣ ва омӯзонидани кормандони соҳаи тиб барои бартараф намудани паҳншавии пандемияи коронавируси COVID – 19 ба имзо расонида шуд.