Ҷаласаи 8–уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
Бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо рӯзи 28 июли соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Абдураҳмонзода А.С. – муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Люк Девин - Директор оид ба Россия, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи наздик ва кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласаи мазкур баррасии ҷанбаҳои шарикии калидӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳо вобаста ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, ваъзи макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ Абдураҳмонзода А.С. изҳори қадрдониро аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо қайд намуда, тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пайгирии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии паёмадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ самаранокии фаъолияти мунтазами Ситоди ҷумҳуриявӣ ва қабули нақшаи чорабиниҳои пешгирӣ ва коҳиши таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллиро муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа, Тарафҳо самтҳои нави ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро муайян карданд. Аз ҷумла Тарафҳо истифодаи лоиҳаи Барномаи нави бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021-2027-ро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот ҷиҳати бехтар гардидани шароити зиндагии мардум дастгирӣ намуданд.
Инчунин бо мақсади рушди устувори ноҳия ва деҳот паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдаст таввасути таъмини қувваи барқ, Тарафҳо муҳиммияти баимзорасонии созишномаи сеҷонибаи гранти оид ба ҷудо намудани маблағ дар ҳаҷми 18,6 млн. евро барои татбиқи бунёди НБО «Себзор» таъкид карданд.
Дар ҷаласаи мазкур Протоколи ҷаласаи 7-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонида шуд.