Навиди Вазорат



Хазинаи Байналмилалии Асъор тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро натиҷабахш арзёбӣ намуд

.

28 октябри соли 2020 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 9 моҳи соли 2020, таъсири хавфҳои дохилию берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, ислоҳоти анҷомдодашуда ва чораҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон, инчунин тақвият додани самтҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Қайд гардид, ки бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ таъсири пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус соҳаҳои молия, савдо ва хизматрасонӣ, аз ҷумла боркашонию мусофиркашонӣ эҳсос мегардад.

Ҳамин тариқ дар 9 моҳи соли 2020 рушди иқтисодиёти кишвар 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам аст.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар мавриди сари вақт роҳандозӣ нагардидани чораҳои зиддибӯҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 эҳтимол ба 1,2 фоиз ба ҷои 4,2 фоиз баробар мешуд.

Ҷониби ХБА тадбирҳои зиддибӯҳронии андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба баъзе кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд.

Бинобар ин, ХБА дар асоси натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дурнамои худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон бозбинӣ намуда, онро аз 2 фоиз таназзули қаблӣ то ба 1 фоизи рушд баланд намуд.