Навиди Вазорат



Ҷаласаи нуздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)

.

28 октябри соли 2020 бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар шакли видеоконфронс ҷаласаи нуздаҳуми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва савдои беруна баргузор гардид.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба вазифаҳои афзалиятноки рушди СҲШ бо мақсади рафъи оқибатҳои иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии пандемияи коронавируси COVID-19, пешгирии таъсири манфии он ба амният ва суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона карда шуд.

Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ қайд кард, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти кам кардани паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ натиҷабахш мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти сари вақт роҳандозии чораҳои зиддибӯҳронӣ рушди иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 ба 4,2 фоиз баробар шуд.

Дар рафти ҷаласа, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, роҳбарони ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодиро баррасӣ карданд, аз ҷумла оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисоди рақамӣ ва сармоягузорӣ, дар фазои СҲШ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика, туризм, кишоварзӣ, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ таъқид намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи дахлдор тасдиқ гардид.