Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Маркази байналмилалии савдо (МБС) бо иштироки Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар формати видеоӣ баргузор гардид
Рӯзи 3 декабри соли 2020 ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Маркази байналмилалии савдо (МБС) дар формати видеоӣ бо иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар формати видеоӣ баргузор гардид.
Қайд бояд кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуд, ки аъзои он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ба ҳисоб мераванд.
Инчунин ҷиҳати шаффоф гардонидани сиёсати савдои кишвар Портали савдои Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд, ки бо 3 забон маълумотро оид ба 53 расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ (зиёда аз 1500 номгӯи маҳсулот) дар мегирад.
Дар ҷаласа дастовардҳои кишвар дар доираи фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ва раванди татбиқи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Абдураҳмонзода А. С. вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва Маркази байналмилалии савдо дар самти фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо, таъсиси Портали савдои Тоҷикистон, бартараф намудани таъсири манфии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо суханронӣ намуда, омодагии густариш намудани ҳамкориҳоро дар самтҳои қайдгардида иброз намуд.
Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, умедвории худро ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи бештарро баён намуданд.