Навиди Вазорат



Табрикоти солинавӣ

.

faeature pic3d float-left

Ҳамкасбони азиз,

Аз номи роҳбарият ва аъзои мушовараи вазорат Шумо ва аҳли наздиконатонро бо фарорасии соли нави 2021 самимона шодбош гуфта, некӯаҳволӣ, бахту пирӯзиҳо, зиндагонии босаодат ва толеи баланд орзу мекунам.

 

Дар остонаи Соли нав ҳар кадоми мо дастовардҳо, бурду бохтҳои соли 2020 пеши назар оварда, дар соли нав нақшаҳои навро тарҳрезӣ менамоем.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 як қатор рӯйдодҳои муҳиму хотирмон ва дастовардҳои назаррас барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли мо амалӣ гардиданд.

Инҳо пеш аз ҳама интихоботи Президенти кишвар, таҷлили ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки ба рӯйхати ҷашнҳои ЮНЕСКО ворид гардиданд, ба ҳисоб мераванд.

Дар натиҷаи амалӣ намудани Нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсири омилҳои берунӣ вобаста ба паҳншавии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ то андозае пешгирӣ ё кам карда шуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи нисбатан муътадил таъмин гардиданд.

Дар робита ба ин аҳли коллективи вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти МОИ ва моликияти зеҳнӣ тадбирҳои амалиро дар соли сипаригашта роҳандозӣ намуданд.

Аз ҷумла вазорат лоиҳаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи миёнамуҳлати иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия намуда, дар муҳлатҳои муайянгардида ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод кард.

Умедворам, ки мову Шумо дар соли 2021 ҷиҳати иҷрои ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷумла сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ва иҷрои вазифаҳои худ талоши аз ин бештар менамоем.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо бо соли нави 2021 табрик намуда, орзу дорам, ки соли нав барои ҳар кадоми Шумо соли бахосият, тинҷиву амонӣ, файзу баракат ва дастовардҳои наву тоза гардад.

Соли наватон муборак бошад.

 

Бо эҳтиром,

Вазири рушди иқтисод ва савдо                        

Завқизода З.А.