Навиди Вазорат



Таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13январи соли 2021 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастии ноҳия фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти корҳои бунёдкорию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2020 баррасӣ гардида, вазифаҳои мақомоти маҳаллӣ барои соли 2021 муайян карда шуданд.

Завқизода З. А. дар асоси дастуру ҳидоятҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, сохторҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар самти истифодаи самараноки замин, анҷом додани яхобмонӣ ва яхшудгор, омода намудани заминҳо ба кишти баҳорӣ, зиёд намудани зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ва ғалладонагиҳо, гирифтани 3-4 ҳосил аз заминҳо, идома додани корҳои фаҳмонадиҳӣ дар самти истифодаи сарфкоронаи нерӯи барқ, истифодаи пурра ва самараноки иқтидори мавҷудаи ноҳия, таъсиси коргоҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, тақвияти корҳои бунёдкорию созандагӣ барои дар сатҳи баланд пешвоз намудани ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ, бахусус ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то охири моҳи июл пурра ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, инчунин бартараф намудани камбудиҳо ванорасогиҳои ҷойдошта дар ноҳия супоришҳои дахлдор дод.